
“Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки рушди минбаъдаи саноатро тавассути баланд бардоштани самаранокии соҳаи коркарди ашёи хом ва афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таҷдиди воситаҳои асосӣ, воридоти технологияҳои инноватсионӣ ва тақвияти рақобатпазирии маҳсулот таъмин намояд”
Фонд ҷудо кардани карзхои имтиёзнокро ба амал мебарорад маблағгузории лоиҳаҳоро амалӣ менамояд неткорвингро дар байни шарикон амалӣ менамояд экспертиза ва конкурсҳоро мегузаронад мухофизати таклифхои ратсионализаториро ба амал мебарорад
Ҳадаф аз таъсиси Фонд дастгирии молиявии барномаҳо, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои давлатӣ оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе, инчунин ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таҷдиди корхонаҳои истеҳсолӣ ва ивазкунандаи воридот мебошад.
Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 феврали соли 2019, таҳти №101 Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолкунадаи молу маҳсулотҳои гуногун, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон ва ҳавасманд гардонидани соҳибкорон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва саноатикунонии пойтахт таъсис дода шуд.


Дархости қарзӣ
Барои оғоз кардан, шумо бояд бо хоҳиши гирифтани қарз бо шартҳои имтиёзнок ариза нависед
Пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ
Аз ташкилоти довталаб бояд дар шакли муқарраршуда бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кард
Баррасии ҳуҷҷатҳо
Ҳуҷҷатҳои воридшуда аз ҷониби мутахассисони фонд барои коркарди минбаъда тафтиш карда мешаванд
Ҷаласаи Шӯрои нозирон
Шӯрои Нозирон оид ба қарори додани маблағгузории имтиёзнок хулосаи худро медиҳад