Дар бораи Фонд
Дар бораи Фонд
Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 феврали соли 2019, №101 Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” таъсис дода шуда, санаи 5 декабри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.
Фонд фаъолияти худро тибқи оиннома, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.
Фаъолияти Фонд дар самти ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба субъектҳои соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе дар соли 2020 оғоз гардид.
Муассиси Фонд мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе амалӣ гардида истодааст.