Фаъолияти Фонд

Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” фаъолияти худро тибқи Оиннома, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба роҳ мондааст.

Бо мақсади мусоидат ба рушди соҳибкории истеҳсолӣ дар шаҳри Душанбе ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ тибқи қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 феврали соли 2019, №101 Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” таъсис дода шуда, санаи 5 декабри соли 2019 ба қайди давлатӣ гирифта шуд.

Фаъолияти Муассиса дар самти ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ба соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе дар соли 2020 оғоз гардид ва ба унвонии Муассиса дархостҳои қарзии субъектҳои соҳибкорӣ барои таъсис ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ мунтазам ворид гардида истодаанд.

Аризаро онлайн пур кунед

Танҳо бо чанд клик, шумо метавонед барои маблағгузории имтиёзнок барои тиҷорати худ муроҷиат кунед