Мақсад ва вазифаҳои Фонд

Самтҳои асосии фаъолияти Муассисаро таъминоти молиявии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳо дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар шаҳри Душанбе. Фаъолияти таълимӣ, иттилоотию таҳлилӣ, таҳририю интишоротӣ, молиявию хочагӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои асосии Муассиса:

  • маблағгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки пешниҳодшаванда бо мақсади рушди соҳибкорӣ ва иқтисодиёти шаҳр;
  • мусоидат дар раванди бунёди муносибатҳои бозорӣ дар асоси дастгирии соҳибкорӣ ва рушди рақобат бо роҳҳои ҷалб ва самаранок пеш бурдани барномаҳои асосӣ, лоиҳаҳо ва чорабиниҳои бахши соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Душанбе;
  • мусоидат дар гузаронидани экспертизаҳо, озмунҳои барномаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, лоиҳаҳои маблағгузорӣ дар бахши соҳибкории хурду миёна, таъминоти бозори мол ва бунёди ҷойҳои нави корӣ;
  • ҳифз ва дастгирии молиявии фаъолияти инноватсионии самтҳои соҳибкорӣ, ҳавасмандкунӣ барои навоварӣ ва истеҳсоли намудҳои нави маҳсулоти иноватсионӣ, ҳамкорӣ дар раванди азхудкунии технологияи ҷадид ва ихтирооти он;
  • маблағгузории лоиҳаҳои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ дар сатҳи шаҳри Душанбе ва маҳаллӣ;
  • маблағгузории молиявии хурду калон, ки ба самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти шаҳри Душанбе равона шудаанд;
  • мусоидат дар маблағгузории чорабиниҳои тайёр намудани мутахассисон барои субъектҳои соҳибкорӣ, такмили ихтисоси онҳо, дастгирии сохторҳои нави иқтисодӣ;
  • назорати мақсаднок истифодабарии маблағҳои аз тарафи муассиса ҷудогардида ё ба воситаи дастгирии шӯрои муассиса аз дигар сарчашмаҳои молиявӣ ҷудошуда;
  • дар мувофиқа бо Муассис қатъ намудани маӣлағгузорӣ дар ҳолатҳои ғайри мақсаднок истифодабарии маблағҳо аз тарафи субъектҳои соҳибкор;
  • ба субъектҳои соҳибкорӣ ҷудо намудани қарзҳои кӯтоҳмуддат, дарозмуддат ва маблағгузорӣ дар доираи барномаҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҷомеа дар асоси қарори Шӯрои нозирон;
  • расонидани ёрии молиявӣ (субсидия) ҷиҳати пардохти фоизҳои қарзҳои субъектҳои соҳибкорӣ, ки аз дигар манбаъҳо гирифта шудаанд;
  • расонидани ёрии молиявӣ барои расмиёти бақайдгирии давлатии соҳибкорон дар шаҳри Душанбе;
  • аз ҳисоби мутахассисони дохилию хориҷӣ ҷалб намудани колективҳои эҷодӣ, шӯрои тадқиқотӣ (экспертӣ), бонкӣ ҷиҳати ҷори намудани навгониҳои илмӣ;
  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо субъектҳои молиявию қарзи, аз ҷумла, бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ, фондҳои хурди қарздиҳии дохилию хориҷӣ оид ба хизматрасонӣ ва табодули маблағҳо.

Аризаро онлайн пур кунед

Танҳо бо чанд клик, шумо метавонед барои маблағгузории имтиёзнок барои тиҷорати худ муроҷиат кунед