Қарзҳо

Қарзи имтиёзнок барои таъсис ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли дар ш.Душанбе бо меъёри 10% солона ба муҳлати то 5 сол пешниҳод мегардад. Барои таъмирнокии қарз амволи гарав аз ҷониби қарзгиранда пешниҳод карда мешавад.

Барои дастраси ба сарчашмаҳои қарзии Фонд, қарзгирандаро зарур аст, ки ариза ба унвони Директори Фонд, нақшаи тиҷоратӣ ва як қатор ҳуҷҷатҳои зарурӣ пешниҳод намояд.

Дар сурати ба талаботҳои қарзӣ ҷавобгуй будани дархости қарзӣ, ҳуҷҷатҳои зарурӣ пурра карда шуда ба ҷаласаи кумитаи қарзӣ барои тасдиқ ва ҷудо намудани маблағи қарзӣ пешниҳод гардида, дар сурати дастгирӣ ёфтан шартномаи қарзӣ ба имзо расонида шуда, маблағи қарз ба қарзгиранда ҷудо гардида мешавад.

0
0
0
0

Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 21 феврали соли 2019, таҳти №101 Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, таъсиси корхонаҳои истеҳсолкунадаи молу маҳсулотҳои гуногун, муҳайё намудани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорон ва ҳавасманд гардонидани соҳибкорон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва саноатикунонии пойтахт таъсис дода шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Маркази матбуоти Фонд Маълумот дар бораи фонд

Аризаро онлайн пур кунед

Танҳо бо чанд клик, шумо метавонед барои маблағгузории имтиёзнок барои тиҷорати худ муроҷиат кунед