Лоиҳаҳо

Фонд лоиҳаҳои истеҳсолии 35 субъекти соҳибкории шаҳри Душанберо ба маблағи умумии зиёда аз 130,0 млн. сомонӣ дастгирӣ намуда, қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст.

ҶДММ “Фируз Бинокор”, ҶДММ “Гарди 2015”, ҶДММ “Армон-21”, ҶДММ “Рухом”, ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Тоҷик”, ҶДММ “Афзалият Групп”, ҶДММ “Чарм”, ҶДММ “Собиров Б.Г.”, ҶДММ “Ҳаммол Транс”, ҶДММ “Неруи Шарқ”, ҶДММ “Шаҳри зебои мо”, ҶДММ “Шево”, ҶДММ “Фармико”, ҶДММ “Маколли”, ҶДММ “Акваджус”, ҶДММ “КАМ Зебо”, ҶДММ “Шириниҳои Осиё”, ҶДММ “Мурғи Покиза”, ҶДММ “Реал Трейдинг”, ҶДММ “Евро Дез”, ҶДММ “Лавҳ”, ҶДММ “Собирова Зебунисо”, ҶДММ “Шерматова Н.Г.”, ҶДММ “Фабрикаи қаннодии Амири”, ҶСП “Интермебел”, ҶДММ “Покиза-М”, Соҳибкори инфиродӣ Аминов Валижон, ҶДММ “Тоҷик Кристалл”, ҶДММ Арай ТҶ, ҶСП “ФК Ширин, ҶДММ “Салим Фарма”, ҶДММ “Маквиолӣ”, ҶДММ “Корхонаи Босифат”, ҶДММ “Санавбар ЛТД”, ҶДММ “Раҳматуллоев Суҳроб”, ҶДММ “Атабат”.

ҶДММ “Арай ТҶ”

ҶДММ «Арай ТҶ», қарзи ҷудокардаи Муассиса 10 миллион сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 15 миллион сомониро дар соли 2022 ташкил медиҳад. - Коркард ва истеҳсоли равғани растанӣ, маводҳои пластикӣ.

0
0
0

ҶСП Фабрикаи қаннодии “Ширин”

ҶСП Фабрикаи қаннодии «Ширин», қарзи ҷудокардаи Муассиса 4 миллион сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 6 миллион сомониро дар соли 2022 ташкил медиҳад. - Истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ.

0
0
0

ҶДММ “Шириниҳои Осиё”

ҶДММ “Шириниҳои Осиё” қарзи ҷудошудаи Муассиса 0,6 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 1,1 млн. сомонӣ, сол 2021. Қарзи 2-юм: ҶДММ “Шириниҳои Осиё”, қарзи ҷудокардаи Муассиса 1,5 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 2,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол. ҶДММ “Шириниҳои Осиё” аз соли 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти қаннодии конфетҳои шоколадӣ ва карамелӣ дар шаҳри Душанбе машғул мебошад. Таҷдиди ин корхона барои таъмини аҳолии на танҳо шаҳри Душанбе, балки барои таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулотҳои қаннодии арзону боллаззат ва босифат мусоидат менамояд. Ҷамъият ба нақша гирифтааст, ки 5 нафар кормандони маҳаллиро, махсусан аз ҳисоби занону духтарон иловатан ба кор ҷалб намуда, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо воридоти технологияҳои нави замонавӣ таҷдид намояд.

0
0
0

ҶДММ “Тоҷик Кристалл”

ҶДММ «Тоҷик Кристалл», қарзи ҷудокардаи Муассиса 5 миллион сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 8 миллион сомониро дар соли 2022 ташкил медиҳад. - истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ.

0
0
0

ҶДММ “Салим Фарма”

ҶДММ «Салим Фарма», қарзи ҷудокардаи Муассиса 4 миллион сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 6 миллион сомониро дар соли 2022 ташкил медиҳад. - истеҳсоли мебел.

0
0
0

ҶДММ “Атабат”

ҶДММ “Атабат”, қарзи ҷудокардаи Муассиса 610,0 ҳазор сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 1 млн. сомониро ташкил медиҳад. ҶДММ “Атабат” соли 2022 таъсис дода шуда корхонаи навтаъсис ба шумор меравад. Ҷамъият  мақсад дорад, ки коргоҳи истеҳсоли дастмоли хушки қоғазиро (салфетка) дар шаҳри Душанбе таъсис диҳад.

0
0
0

ҶДММ “Раҳматуллоев Суҳроб”

ҶДММ “Раҳматуллоев Суҳроб” қарзи ҷудокардаи Муассиса 1 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 1,5 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол ҶДММ “Раҳматуллоев Суҳроб” истеҳсоли маҳсулоти  яхмос дар шаҳри Душанбе.

0
0
0

ҶДММ “Корхонаи Босифат”

ҶДММ “Корхонаи Босифат” қарзи ҷудокардаи Муассиса 2,0 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 3,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол ҶДММ “Корхонаи Босифат” соли 2022 таъсис дода шуда корхонаи навтаъсис ба шумор меравад. Ҷамъият  мақсад дорад, ки корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмониро дар шаҳри Душанбе таъсис диҳад.

0
0
0

ҶДММ “Афзалият Групп”

Истеҳсоли маҳсулоти уребча. ҶДММ “Афзалият Групп” қарзи ҷудошудаи Муассиса 4,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 59,0 млн. сомонӣ, сол 2020. ҶДММ “Афзалият Групп” қарзи ҷудошудаи Муассиса 11,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 59,0 млн. сомонӣ, сол 2022.

0
0
0

ҶДДМ “Маквиолӣ”

ҶДДМ “Маквиолӣ” қарзи ҷудокардаи Муассиса 5,0 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 8,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол ҶДДМ “Маквиолӣ” маҳсулоти орд ва макарон.

0
0
0

ҶДММ “Санавбар ЛТД”

ҶДММ “Санавбар ЛТД”  қарзи ҷудокардаи Муассиса 1,0 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 2,0 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол ҶДММ “Санавбар ЛТД” корхонаи навтаъсис буда  мақсад дорад, ки истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва кабинаҳои оббозиро дар шаҳри Душанбе таъсис диҳад.

0
0
0

ҶДММ “Лавҳ”

ҶДММ “Лавҳ” қарзи ҷудошудаи Муассиса 1,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 1,5 млн. сомонӣ, сол 2022. - Истеҳсоли маҳсулоти полиграфӣ.

0
0
0

ҶДММ “Собирова Зебунисо”

ҶДММ “Собирова Зебунисо” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 3,4 млн. сомонӣ, сол 2022. - ҶДММ “Собирова Зебунисо” аз соли 2016 ба истеҳсоли қубурҳои пластикӣ машғул буда, қубурҳои стандартҳои ҷаҳонӣ истеҳсол мекунад.

0
0
0

ҶДММ “Шерматова Н.Г.”

ҶДММ “Шерматова Н.Г.” қарзи ҷудошудаи Муассиса 6,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 8,5 млн. сомонӣ, сол 2022. - Соли 2003 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Корхонаи мазкур ба истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ ва алюмини, истеҳсоли мебел ва конструкцияҳои шишаги маҳғул аст.

0
0
0

ҶДММ “Фабрикаи Қаннодии “Амири”

ҶДММ “Фабрикаи Қаннодии “Амири” қарзи ҷудошудаи Муассиса 10,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 14,0 млн. сомонӣ, сол 2022. - Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ.

0
0
0

ҶСП “Интермебел”

ҶСП “Интермебел”  қарзи ҷудошудаи Муассиса 2,2 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 3,2 млн. сомонӣ, сол 2022. - Истеҳсоли мебел.

0
0
0

ҶДММ “Покиза-М”

ҶДММ “Покиза-М” қарзи ҷудошудаи Муассиса 10,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 15,0 млн. сомонӣ, сол 2022. - Истеҳсолӣ маҳсулоти ҳасиби.

0
0
0

ҶДММ “Собиров Б.Г.”

ҶДММ “Собиров Б.Г.” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 5,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - ҶДММ “Собиров Б.Г.” дар бозори истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти тамғаҳои молии “Ромсар” мавқеи муайяни худро доро мебошад. Асоси фаъолияти ҷамъият ин истеҳсол ва фуруши маҳсулотҳои сохтмонӣ, ба монанди лулаҳои гуногунҳаҷми пластикӣ, профилҳо барои сохтани дару тирезаҳои пластикӣ, пенофол барои зери фарш ва ғайраҳо мебошад.

0
0
0

ҶДММ “Ҳаммол Транс”

ҶДММ “Ҳаммол Транс” қарзи ҷудошудаи Муассиса 1,6 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 2,6 млн. сомонӣ, сол 2021. - Ҷамъият навтаъсис буда, мақсад дорад бо дастгирии Фонд ва маблағҳои худӣ бо ворид намудани таҷҳизоти муосир корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои коғазиро дар шаҳри Душанбе таъсис диҳад. Барои таъсиси корхонаи мазкур бино ва инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот муҳайё мебошад. Ҷамъият тасмим дорад, ки бо истеҳсоли маҳсулоти аз ҷиҳати сифату нарх бартаридошта маҳсулоти рақобатпазир истеҳсол намояд ва дар бозори соҳаи номбурда мавқеи муайянро ишғол намояд.

0
0
0

ҶДММ “Неруи Шарқ”

ҶДММ “Неруи Шарқ” қарзи ҷудошудаи Муассиса 1,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 2,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - Ҷамъият навтаъсис буда, бо дастгирии Фонд ва маблағҳои худӣ мақсад дорад бо ворид намудани таҷҳизоти муосир корхонаи истеҳсоли нушокиҳои ташнашикан ва истеҳсоли оби ҷав дар шаҳри Душанбе таъсис диҳад.

0
0
0

ҶДММ “Шаҳри зебои мо”

ҶДММ “Шаҳри зебои мо” қарзи ҷудошудаи Муассиса 5,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 20,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - Таъсиси корхонаи истеҳсоли маҳсулоти макарон.

0
0
0

ҶДММ “Шево”

ҶДММ “Шево” қарзи ҷудошудаи Муассиса 4,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 6,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - Таъсиси корхонаи дӯзандагии дӯхти инфиродӣ, фурӯши матоъҳо.

0
0
0

ҶДММ “Фармико”

ҶДММ “Фармико” қарзи ҷудошудаи Муассиса 1,5 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 2,5 млн. сомонӣ, сол 2021. - Истеҳсоли маҳсулоти дорувори.

0
0
0

ҶДММ “Маколли”

ҶДММ “Маколли” қарзи ҷудошудаи Муассиса 4,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 7,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - Истеҳсоли маҳсулоти хӯрока.

0
0
0

ҶДММ “Акваджус”

ҶДММ “Акваджус” қарзи ҷудошудаи Муассиса 2,4 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 3,2 млн. сомонӣ, сол 2021. - ҶДММ “Акваджус” соли 2010 дар шаҳри Душанбе таъсис ёфтааст. Маҳсулоти ҷамъият асосан шарбатҳо аз меваҳои гуногун истеҳсол мекунад ва дар бозор ҳамчун бо бренди “АМИГО” мешиносанд. Ҷамъият мақсад дорад, ки бо азнавкунонии хати технологии корхона бо таҷҳизотҳои замонавӣ маҳсулоти худро дар бозору мағозаҳо устувор карда, молҳои воридотиро иваз намояд.

0
0
0

ҶДММ “КАМ Зебо”

ҶДММ “КАМ Зебо” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 4,0 млн. сомонӣ, сол 2021. - Ҷамъият навтаъсис буда, бо дастгирии Фонд ва маблағҳои худӣ мақсад дорад, ки корхонаи истеҳсоли маҳсулоти дузандагиро ташкил дода, маҳсулотҳои дузандагии гуногун, аз ҷумла либосҳои кории мақомоти давлатӣ, либосҳои махсуси ҳарбӣ, либоси ягонаи мактабӣ ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ ҷиҳати духтани либосҳои миллию аврупоӣ истеҳсол намояд. Бо таъсиси корхонаи мазкур ҷойҳои корӣ ба 40 нафар расонида мешавад, ки дар он асосан занон бо ҷои корӣ таъмин мегарданд. Барои таъсиси корхонаи мазкур бино ва инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот сохта ба истифода дода шудааст. Ҷамъият тасмим дорад, ки бо истеҳсоли маҳсулотҳои дузандагии босифат ва нисбатан арзон талаботи бозори соҳаро то андозаи таъмин намуда, мавқеи устуворро касб намояд.

0
0
0

ҶДММ “Реал Трейдинг”

ҶДММ “Реал Трейдинг” қарзи ҷудошудаи Муассиса 5,0 млн. сомонӣ,    маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 7,0 млн. сомонӣ, сол 2021. -  Истеҳсоли маҳсулоти нонию қаннодӣ ва ташкили сардхона.

0
0
0

ҶДММ “Евро Дез”

ҶДММ “Евро Дез” қарзи ҷудошудаи Муассиса 1,3 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 2,1 млн. сомонӣ, сол 2022. - Истеҳсоли маҳсулоти фармасевтӣ ва дезинфексионӣ – шустушуӣ.

0
0
0

ҶДММ “Мурғи Покиза”

ҶДММ “Мурғи Покиза” бо парвариши мурғи гуштӣ машғул аст ва яке аз корхонаҳои машҳуртарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷамъият бо иқтидори 52000 сар мурғи гуштӣ ва инкубатори замонавӣ барои барориши ҷуҷа, ки дар як давра то 300 ҳазор сар ҷуҷа истеҳсол карда, ба корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ фурухта мешавад, доро мебошад. Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба манбаи истеъмолӣ ба шумор рафта, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, густариши бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар ин самти фаъолият замима мегузорад. Дар сурати инкишоф додани соҳаи парандапарварӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли гушти мурғ, ҷамъият имконият дорад, ки дар таъмини маҳсулоти гушти паранда дар ҳудуди ҷумҳурӣ мавқеъи муайянро ишғол намояд. ҶДММ “Мурғи Покиза” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 5,0 млн. сомонӣ, сол 2020. ҶДММ “Мурғи Покиза” қарзи ҷудошудаи Муассиса 10,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 15,0 млн. сомонӣ, сол 2021.

0
0
0

ҶДММ “Рухом”

Асоси фаъолияти кории ҶДММ “Рухом” ин омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои худҷиллои рангаю ороишӣ мебошад. ҶДММ “Рухом” яке аз корхонаҳои маъруфи ҷумҳурӣ мебошад, ки аз сангҳои худҷилло ва ороишӣ ҳар гуна маҳсулотҳои сангии армуғонӣ, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбандҳо, дастпона, гӯшвор, гулдон, ҷиҳозҳои рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ ва аз санг тайёркардашуда истеҳсол менамояд. Маҳсулотҳои корхона дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад ва бештари он ҳамчун армуғон харидорӣ ва ба хориҷи кишвар бурда мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулотҳои сангӣ асосан аз захираҳои табии Тоҷикистон, қисман аз кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон истифода мегардад. Маҳсулотҳои ҷамъият дар чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба намоиш гузошта шудаанд ва ҷамъият ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст, аз ҷумла дар намоишгоҳҳои байналмиллалии “Экспо - 2005” дар Ҷопон, “Экспо 2010” дар Хитой, “20 солагии ИДМ” дар Русия”, “Экспо-Ёсу-2012” дар Кореяи Ҷанубӣ, “Экспо Авруосиё 2012” дар Хитой, “Наврузи байналмиллалӣ 2015” дар Русия, “Экспо 2018” дар Қазоқистон, “Экспо 2019” дар Хитой. Чандин маротиба ҳамчун соҳибкори беҳтарин дар Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.

0
0
0

ҶДММ “Гарди 2015”

ҶДММ “Гарди 2015” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 18,0 млн. сомонӣ, сол 2020. - Ба охир расонидани сохтмони бинои истеҳсолӣ ва харидорӣ намудани таҷҳизотҳои бофандагӣ барои истеҳсоли маҳсулотҳои трикотажӣ дар иншооти: “Сохтмони бинои истеҳсолии дузандагӣ барои 400 ҷойи корӣ”

0
0
0

ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик”

ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик”  қарзи ҷудошудаи Муассиса 7,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 10,0 млн. сомонӣ, сол 2020. - ҶДММ “Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик” ба соҳаи саноати сабуки ҷумҳурӣ шомил буда, ба истеҳсоли матоъҳои пахтагин, матоъҳои нобофта, ватин, бинт ва дигар маҳсулоти тиббӣ аз дока, маҳсулоти дӯзандагӣ махсусгардонидашуда мебошад. Айни ҳол, дар корхона маҳсулотҳои дӯзандагӣ, саччоқҳои патдор, риштаҳои пахтагин ва матоъҳои пахтагин истеҳсол гардида истодаанд, ки талаботи бозори соҳаро таъмин намуда истодааст. Ҷамъият мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанберо бо маҳсулоти дӯзандагии мактабӣ таъмин карда истодааст. Дар корхона мутахассисони соҳибтаҷриба кору фаъолият дошта, 970 нафар кормандон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошанд.

0
0
0

ҶДММ “Чарм”

ҶДММ “Чарм” қарзи ҷудошудаи Муассиса 5,5 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 9,5 млн. сомонӣ, сол 2020. - Корхонаи коркарди пусту чарм ва истеҳсоли пойафзол.

0
0
0

ҶДММ “Фируз бинокор”

Соли 2019 бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҶДММ “Фируз Бинокор” барои бунёди корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (ламинат) ва тахтаҳои пластикӣ барои ороиши деворҳо, дар кучаи Зебунисо қитъаи замин ҷудо карда шуд. Ҷамъият бо дастгирӣ ва маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонии фаршҳои замонавӣ (ламинат), қолиби бетонрезӣ, тахтаҳои мебелӣ, маводҳои пластикӣ барои реклама, тахтаҳо барои ороиши деворҳоро ба нақша дорад. Мақсади асосии лоиҳа ва ташкили корхона, ин дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию ороишӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ мебошад.

0
0
0

ҶДММ “Армон 21”

ҶДММ “Армон 21” соли 2005 корхонаро ба роҳ монда, дар ду самт фаъолият мебарад. Самти истеҳсоли кислород ва истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ мебошад. Корхона дар тули 15 сол таҷрибаи корӣ ба дастовардҳои зиёде ноил гардидааст. Дар ҷумҳурӣ танҳо корхонаи мо ба фуруши кислороди тиббӣ машғул мебошад. Ҷамъият аксарияти беморхонаҳои ҷумҳуриро пурра бо кислород таъмин менамояд. Бо харидори намудани таҷҳизоти истеҳсоли маҳсулоти оксигенӣ, ҷамъият мақсади васеъ кардани фаъолиятро худро дорад.

0
0
0

Аризаро онлайн пур кунед

Танҳо бо чанд клик, шумо метавонед барои маблағгузории имтиёзнок барои тиҷорати худ муроҷиат кунед