ҶДММ “Рухом”
ҶДММ “Рухом”
Асоси фаъолияти кории ҶДММ “Рухом” ин омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маҳсулот аз сангҳои худҷиллои рангаю ороишӣ мебошад. ҶДММ “Рухом” яке аз корхонаҳои маъруфи ҷумҳурӣ мебошад, ки аз сангҳои худҷилло ва ороишӣ ҳар гуна маҳсулотҳои сангии армуғонӣ, мӯҳра, тасбеҳ, гарданбандҳо, дастпона, гӯшвор, гулдон, ҷиҳозҳои рӯи миз, шоҳмот, мусаввараҳои гуногун ва дигар маснуоту молҳои армуғонӣ ва аз санг тайёркардашуда истеҳсол менамояд.
Маҳсулотҳои корхона дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар харидорони зиёд дорад ва бештари он ҳамчун армуғон харидорӣ ва ба хориҷи кишвар бурда мешавад. Ашёи хом барои истеҳсоли маҳсулотҳои сангӣ асосан аз захираҳои табии Тоҷикистон, қисман аз кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Покистон истифода мегардад. Маҳсулотҳои ҷамъият дар чорабиниҳо ва намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ ба намоиш гузошта шудаанд ва ҷамъият ҷойҳои намоёнро соҳиб гардидааст, аз ҷумла дар намоишгоҳҳои байналмиллалии “Экспо - 2005” дар Ҷопон, “Экспо 2010” дар Хитой, “20 солагии ИДМ” дар Русия”, “Экспо-Ёсу-2012” дар Кореяи Ҷанубӣ, “Экспо Авруосиё 2012” дар Хитой, “Наврузи байналмиллалӣ 2015” дар Русия, “Экспо 2018” дар Қазоқистон, “Экспо 2019” дар Хитой. Чандин маротиба ҳамчун соҳибкори беҳтарин дар Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.