ҶДММ “Фируз бинокор”
ҶДММ “Фируз бинокор”
Соли 2019 бо дастгирии Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҶДММ “Фируз Бинокор” барои бунёди корхонаи истеҳсоли фаршҳои замонавӣ (ламинат) ва тахтаҳои пластикӣ барои ороиши деворҳо, дар кучаи Зебунисо қитъаи замин ҷудо карда шуд. Ҷамъият бо дастгирӣ ва маблағгузории Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории истеҳсолии шаҳри Душанбе” лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонии фаршҳои замонавӣ (ламинат), қолиби бетонрезӣ, тахтаҳои мебелӣ, маводҳои пластикӣ барои реклама, тахтаҳо барои ороиши деворҳоро ба нақша дорад.
Мақсади асосии лоиҳа ва ташкили корхона, ин дар дохили ҷумҳурӣ ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти сохтмонию ороишӣ барои ширкатҳои сохтмонӣ ва аҳолӣ мебошад.
Тоҷики
