ҶДММ “Мурғи Покиза”
ҶДММ “Мурғи Покиза”
ҶДММ “Мурғи Покиза” бо парвариши мурғи гуштӣ машғул аст ва яке аз корхонаҳои машҳуртарин дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Ҷамъият бо иқтидори 52000 сар мурғи гуштӣ ва инкубатори замонавӣ барои барориши ҷуҷа, ки дар як давра то 300 ҳазор сар ҷуҷа истеҳсол карда, ба корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ фурухта мешавад, доро мебошад.
Парандапарварӣ яке аз соҳаҳои муҳим ба манбаи истеъмолӣ ба шумор рафта, барои пешрафти иқтисодиёти кишвар, густариши бозори дохилӣ ва хориҷӣ дар ин самти фаъолият замима мегузорад. Дар сурати инкишоф додани соҳаи парандапарварӣ ва ба роҳ мондани истеҳсоли гушти мурғ, ҷамъият имконият дорад, ки дар таъмини маҳсулоти гушти паранда дар ҳудуди ҷумҳурӣ мавқеъи муайянро ишғол намояд.
- ҶДММ “Мурғи Покиза” қарзи ҷудошудаи Муассиса 3,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 5,0 млн. сомонӣ, сол 2020.
- ҶДММ “Мурғи Покиза” қарзи ҷудошудаи Муассиса 10,0 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 15,0 млн. сомонӣ, сол 2021.