ҶДММ “Шириниҳои Осиё”
ҶДММ “Шириниҳои Осиё”
ҶДММ “Шириниҳои Осиё” қарзи ҷудошудаи Муассиса 0,6 млн. сомонӣ, маблағи умумии сармоягузории лоиҳа 1,1 млн. сомонӣ, сол 2021.
Қарзи 2-юм: ҶДММ “Шириниҳои Осиё”, қарзи ҷудокардаи Муассиса 1,5 млн. сомониро ташкил дода, маблағи умумии сармоягузорӣ 2,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. 2022 сол.
ҶДММ “Шириниҳои Осиё” аз соли 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шуда, ба фаъолияти истеҳсоли маҳсулоти қаннодии конфетҳои шоколадӣ ва карамелӣ дар шаҳри Душанбе машғул мебошад. Таҷдиди ин корхона барои таъмини аҳолии на танҳо шаҳри Душанбе, балки барои таъмини аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулотҳои қаннодии арзону боллаззат ва босифат мусоидат менамояд. Ҷамъият ба нақша гирифтааст, ки 5 нафар кормандони маҳаллиро, махсусан аз ҳисоби занону духтарон иловатан ба кор ҷалб намуда, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодиро бо воридоти технологияҳои нави замонавӣ таҷдид намояд.
Тоҷики
